Мавзеъҳои ташриф
МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Истанбул — бузургтарин шаҳри Туркия, маркази асосии тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангӣ, бандари асосии кишвар. Воқеъ дар соҳили гулӯгоҳи Босфор. Дар гузашта пойтахти империяи Византия - Рим ва Усмонӣ. Дар асри VII п.м. аз ҷониби колонистҳои шаҳри юнонии Мегара шаҳри Визнатия ташкил карда мешавад. Тибқи баъзе махзанҳо номи шаҳр ҳамчун Истамбул аз номи Истинполин бармеояд, аммо бо тасдиқи махзанҳои дигар номи шаҳр аз номи Ислом ҳамчун Исломбул бармеояд. Пас аз забт гардидани шаҳр аз ҷониби туркҳо номи он ҳамчун Истанбул боқӣ мемонад, аммо барои Юнониҳо он ҳамчун Костантинопол ном гирифта мешавад. Истанбул дар байни ду қитъаҳои Аврупо ва Осиё ҷойгир шудааст ва дорои мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ, таърихию фарҳангию динӣ мебошад. 

Дар асри VII пеш аз милод, аз ҷониби мустамликадорон, асосан муҳоҷирон аз шаҳри Юнон Мегара шаҳри Византия таъсис ёфтааст. Дар соли 330 императори Рум Константини I пойтахти империяи Румро ба Византия кӯчонд, ки ба он номи Руми Нав дода шуд, аммо дере нагузашта пойтахт Константинопол — шаҳри Константин номида шуд. Дар асри XIII арабҳо номи Истинполин-ро истифода мебурданд. Тибқи тафсири дигар, номи Истанбул аз Исломбул (шаҳри Ислом) бармеояд, ки бо вуҷуди ин, ба мавҷудияти номи зикршудаи Истинполин, ки ба як номи муосир мувофиқат мекунад, ҳатто пеш аз суқути Константинопол аз ҷониби Имперотурии Усмонӣ, дар соли 1453 шубҳа меорад. Аз охири садаи XVIII як шакли таҳрифшуда дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Русия номи Истамбул ба истифода даромад. Расман, шаҳр пас аз забт шудани туркҳо ва интиқоли пойтахти империя, номгузорӣ нашуд: барои туркҳо ҳамчун Истанбул буд ва боқӣ монд.

 

ЧАНДЕ АЗ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИИ ИСТАНБУЛ:


Гулӯгоҳи Босфор

Зимни шино кардан тариқи гулӯгоҳ / дарёи Босфор имкон фароҳам мегардад, ки Истнабул аз диди дигар назар карда шавад. Гулӯгоҳ, ин сарҳади байни Аврупо ва Осиё ва нуқтаи пайвасткунадаи баҳрҳои Сиёҳ ва Мармарӣ мебошад. Дар халиҷи Босфор мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ қомат афрохтаанд.


Майдони Султонаҳмад

Майдони марказии Истанбул ба ду қисмат ҷудо мешавад: яке аз он дар байни масҷидҳои София ва Кабуд ва қимати дигар дар ҳудуди Иподроми куҳна ҷой гирифтааст. Римиҳо дар гузашта дар инҷо мусобиқаи ароба-аспҳо ташкил мекарданд.


Масҷиди Кабуд

Дар Истанбул 3000 масҷид фаъолият мекунанд. Масҷиди кабуд аз 6 манораҳои хос иборат мебошад. Кабуд номи гирифтани масҷид бинобар рангубори кабуд доштани он мебошад, дар асл бошад, он масҷиди Султонаҳмад ном дорад. Султонаҳмад масҷиди мазкурро бо умеди бахшида шудани гуноҳҳояш аз ҷониби Худованд дар синни 19-солагӣ бунёд кардааст, зимнан дар даврони ҳукмронии империяи Усмонӣ яке аз накутарин ҳоким пазируфта мешавад.   


Айя-София

Масҷиди (собори) София дар асри VI бо фармони императори византӣ Юстиниан сохтмон гардидааст. Соли 452 Маҳмуд-лашкаркаш мавриди забти Константинопол (ҳозира Истанбул) фармон медиҳад, ки ин соборро ба масҷид табдил диҳанд.  Ҳамин тариқ, то соли 1935 ин иншоот ҳамчун масҷид боқӣ монда, зимнан Мустафр Камол Ататурк қарор баровард, ки он ба осорхона табдил дода шавад. Акнун соли 2020 ин иншоот боз ба масҷид бар гардонида дода шуд.


Майдони Таксим

Дар давраи ҳукмронии султон Сулаймон дар ин мавзеъ қабристон армиянҳо буд. Ҳоло дар маркази ин майдон муҷассамаи “Ҷумҳурӣ” бо баландии 12 метр ҳамчун рамзи ғалабаи Ататурк бар шоҳигарӣ бунёд гардидааст.


Боғи Гулхона

Боғи мазкур дар асри XX ҳамчун боғи ҷамъиятӣ ташкил ёфта, аз дархту буттаҳо ва гулу растаниҳои куҳансол иборат мебошад. Баъзе тарахтон умри 200 сола низ, доранд.


Гранд-бозор

Гранд-бозор аз асри XV инҷониб фаъолият дошта, ҳамчун бозори бузургтарин дар ҷаҳон пазируфта мешавад. Дар 58 кӯчаҳои асосии Истанбул беш аз 4000 фурӯшгоҳҳои хурду бузург фаъолият мекунанд, ки як шаҳраки хоси тиҷоратиро монанд месозад. Дар ин ҷо ҳама намуди молу маҳсулотро бо сифтаи баланд ва нархи муносиб харидан мумкин аст.


Қасри Топкопи

Қасри султонӣ – мавзеи муҳимми сайёҳии Истанбул арзёбӣ мегардад. Маҷмааи мазкур дар асри XV бунёд гардида, ба сифтаи манзили истиқоматии ҳокимони Усмонӣ ҳудуди 400 сол хизмат кардааст. Ҳоло ин қаср осорохонест, ки дар он ҷавоҳироти султонҳо, яроқу аслиҳа, либосҳои ҳарбӣ ва муқаддасоти мусуломнӣ ба намоиш гузошта шудааст.


Ҷазираҳои шоҳзодагон

Номи дигарИ ин ҷазираҳо Одалар буда, дар масофаи на он қадар дур аз соҳилҳои Истанбул ҷойгир мебошанд. Аҳамиятнокии ин ҷазираҳо дар он аст, ки дар давраи ҳукмронии Империяи Византӣ ба инҷо шоҳзодаҳо ва наздикони онҳо бадарға карда мешуданд, аммо зимни ҳукмронии Усмониҳо ба ин ҷазираҳо наздикони номақбули султонҳо бадарға карда мешуданд.


Масҷиди Сулаймониҳо

Масҷиди бузургтарини Истанбул, ки дар як вақт 5000 нафар метавонад намоз гузорад. Масҷид дар асри XVI аз ҷониби Синан сохтмон шуда, ташаббускори он султон Сулаймон мебошад. Дар мақбараи назди масҷид султон Сулаймон ва ҳамсари дӯстдоштаи ӯ Роксолана (Хурам Султон) гуронда шудаанд.


Обанбори Базилика (райҳон)

Обанбори мазкур дар давоми 200 сол, то соли 532 сохтмон шуда, барои нигоҳдории оби ошомидани (дар сурати хушксолӣ ва ё ҳуфуми ногаҳонӣ) истифода мегардидааст. Ин иншоот қасри зеризаминиеро монанд месозад ва фарши он аз 300 сутун иборат мебошад.


Бурҷи бону-духтар

Номи мавзеи мазкур бо туркӣ - Кыз Кулеси, яке аз нигораҳои машҳури шаҳр буда, беш аз 2000 сол умр дорад. Тибқи баъзе махзанҳо ин бурҷ дар асри V то мелод бо мақсади назорати киштиҳои форсҳо сохта шудааст. Ҳоло бошад, дар ин иншоот осорхона, тарабхона, мағозаи армуғонҳо ва майдончаи тамошо фаъолият мекунанд.






БАРНОМАИ ХАТСАЙР:

../uploads/Истанбул-карта.jpg

Оғози саёҳат: гусели сайёҳон аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Душнабе


Барномаи сайёҳӣ: "ИСТАНБУЛ, саёҳати фарогир"

Давомнокии саёҳат: 7 рӯз / 6 шаб

Р/т: 2023/6000-44


Хатсайр: Душанбе-Истанбул

Давомнокии парвоз: 5 соат, мустақим 

► Рафтан рӯзи панҷшанбе, парвоз аз ФБ "Душанбе", вақти парвоз  03:00


ФБ - фурудгоҳи байналмилалӣ

ДИҚҚАТ: бақайдгирӣ дар фурудгоҳҳо 3 соат қабл аз вақти парвоз кушода / оғоз шуда, 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз пушида мешавад.


ЭЗОҲ: арзиши хатсайри мазкур бинобар зудтағйирпазир будани нархи чиптаи ҳавопаймо бо фосилаи на кам аз 30 рӯз ҳисобӣ шудааст. Яъне, фосилаи байни санаи фармоиш ва санаи саёҳат бояд аз 30 рӯз бештар бошад. Дар сурати ба инобат нагирифтани ин маълумот пардохти фарқият аз ҳисоби сайёҳ (иловатан) дархост карда мешавад. Зимнан, пеш аз пардохти арзиши саёҳат тамоси шумо бо рақамҳои зерин тавсия мегардад:


Расидан ба ш.Истанбул (ст.09:35): сайёҳон дар фурудгоҳи байналмилаии Истанбул пешвоз гирифта шуда, ба меҳмонхона расонида мешаванд

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Дастовардҳои таърихии Истанбул (вақти рафтан-09:30 / баргашт 17:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, аз саёҳати мавзеҳои таърихии Истанбул, ба монанди масҷиди Кабуд, Ҳоҷи София, қасри Топкапӣ, Гранд-бозор ва ғайра дидан мекунанд
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Ҷазираи Шоҳзода (вақти рафтан-08:30 / баргашт 17:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, тариқи баҳри Мармара ба ҷазираи Шоҳзода расонида мешаванд. Дар ин ҷазира ҳамзамон ба сайёҳон савории аспҳо пешниҳод карда мешавад.
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Ташрифи Бурса (вақти рафтан-07:30 / баргашт 18:30): сайёҳон аз меҳмонхона гирифта шуда, ба саёҳати мавзеҳои таърихию фарҳангӣ, ба монанди  Мақбараи сабз - Дарахти қадима ва ғайра дидан мекунанд
Хӯроки нисфирӯзӣ дар рафти саёҳат таъмин карда мешавад

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Сайру гашти озод – рӯзи харид ва истироҳати озод

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Сайру гашти озод – рӯзи харид ва истироҳати озод

Наҳорӣ дар меҳмонхона
Сафари баргашт ба ш.Душанбе
Гусели сайёҳон аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Истанбул


► Бар гаштан рӯзи чоршанбе, парвоз аз ФБ "Истанбул", вақти парвоз  18:20


ФБ - фурудгоҳи байналмилалӣ

ДИҚҚАТ: бақайдгирӣ дар фурудгоҳҳо 3 соат қабл аз вақти парвоз кушода / оғоз шуда, 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз пушида мешавад.

 




Санаи ташриф ва теъдоди сайёҳон