МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Маҷмааи лижаронии «САФЕД-ДАРА», ки дар Тоҷикистон ягона аст, дар баландкӯҳҳои водии Варзоб, дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидааст. Ҳавои софи офтобӣ ва насими тозаи кӯҳӣ ин маконро барои истироҳат дар ҳамаи фаслҳои сол, бахусус зимистон беҳтарин гардонидааст. Манзараи аҷиби кӯҳистон ва осмони зебои кабуд таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб мекунад, ки ақаллан як маротиб дар Сафед-Дара истироҳат карда бошад ва дубора ба ин ҷо бар гардад. Ба ин мавзеъ бо нақлиёти сабукрав бо масири Душанбе - Варзоб - Такоб расидан осон аст. Сафар на бештар аз як соат давом мекунад.

Инфрасохтори Маҷмаа дар шаффати нишебиҳои лижаронӣ ва майдонҳои фароғатӣ бо тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои иҷора ва таваққуфгоҳҳо ба шумо имкон медиҳад, ки вақти худро бомаром ва муфид гузаронед. Осоишгоҳи кӯҳии Сафед-Дара имкони фароғати инфиродӣ, оилавӣ ва корпоративиро дар ҳама фаслҳо фароҳам меорад.

Маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» соли 1976 таъсис ёфта, дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва лижаронӣ хизматрасонӣ менамояд.  Он ҳамагб дар масофаи 50 км аз ш.Душанбе воқеъ мебошад.

Сафед-Дара бо таваҷҷӯҳ ва пайгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон охири соли 2016 дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад.

Дар Сафед-Дара асосан дар айёми зимистон ба сайёҳон гурӯҳи хизматрасониҳо пешниҳод мегардад, аз ҷумла: ду роҳи танобӣ; лижаронӣ; яхмолак (каток); барфтозӣ (сноубординг); рондани квадросикл ва барфгард; фурудоии ҳавоӣ (зип-лайн); муҳориба (бозӣ) бо рангҳо (пейнтбол); меҳмонхона; ҳавзи шиноварӣ; тарабхона; маҷлисгоҳ. 

Роҳҳои танобӣ: Стансияи поёнии роҳи танобии мазкур дар баландии 2590 метр аз сатҳи баҳр ва стансияи болоӣ бошад, дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дарозии хати роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, аз 21 кабина иборат мебошад. Дар маҷмуъ дарозии ҳарду роҳҳои танобӣ 3600 метрро ташкил дода, 42 кабина дорадДар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад, дар он на танҳо варзишгарони навтаҷриба, балки лижаронҳои касбии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар ҳудуди маҷмаа 10 адад котеҷҳои 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 ададаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст. Дар котеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷои хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи “Чаман” бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Ҳамзамон дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудааст, бунёд ёфтааст.


Бастаи мазкур заминавӣ буда, дигар хизматрасониҳоро сайёҳон метавонанд мустақилона ва ё бо кумаки роҳбалад фармоиш диҳанд. 






БАРНОМАИ ХАТСАЙР:

../

08:00

Оғози саёҳат: қабули сайёҳон дар ҳудуди ш.Душанбе

Соати 8:30 сайёҳон савори нақлиёт гардида, тавассути хиёбони марказии ш.Душанбе—Рӯдакӣ, қад-қади дарё, шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд ба ҳудуди ноҳияи Варзоб ворид гардида, дар 17-ум км ба тарафи рост—ҷониби Ҷамоати Такоб гардида, тариқи кӯҳроҳҳо ба Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара мерасем. Вақти сафар тариқи нақлиёт аз як тараф то ду соат тул мекашад

10:00 - 10:30

Мавзеъҳои ташриф: ба сайёҳон дар бораи Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара ва тарзи истифодабарии аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдор, аз ҷумла таъмини бехатарӣ ва эҳтиёткорӣ маълумот дода мешавад

10:30

Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон аз аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдори Сафед-Дара бо роҳнамоии роҳбалад истифода менамоянд.

Ҳангоми зарурат сайёҳон метавонанд дар ошхона / тарабхонаи дар бинои маъмурии Сафед-Дара ҷойгиршуда истироҳат намоянд, гарм шаванд

13:00

Мавзеъҳои ташриф: як соат вақти хӯроки нисфирӯзӣ  - ошхона / тарабхонаи дар бинои маъмурии Сафед-Дара ҷойгиршуда. Ба ин бино роҳбалад сайёҳонро роҳнамоӣ менамояд.

14:00

Мавзеъҳои ташриф: сайёҳон истироҳати худро ё инки истифодабарии аттраксионҳо ва хизматрасониҳои дахлдори Сафед-Дараро бо роҳнамоии роҳбалад идома медиҳанд

17:00

Анҷоми саёҳат: сайёҳон ба таввақуфгоҳи Сафед-Дара, ки дар он ҷо онҳоро нақлиёт интизор аст, ҷамъ омада ба самти Душанбе бар мегарданд.

18:00 - гусели сайёҳон аз ш.Душанбе

 

 

 




Санаи ташриф ва теъдоди сайёҳон