Дубай — яке аз бузургтарин шаҳрҳои Аморати муттаҳидаи Араб мебошад, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷорати молу хизматрасонӣ пешрафта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ин минтақа бандари чуқуроби баҳрӣ ва маркази маъмурии Аморат буда, ба сифати маркази тиҷоратии Аморат ва шарқи наздик эътироф гардидааст.
Аморати муттаҳидаи Араб, аз ҷумла шаҳри Дубай айни замон маркази сайёҳии дунё ва соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, дар ин шаҳр натанҳо саёҳат кардан мумкин аст, балки ба ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ, намудҳои муосири тиҷорат ва соҳибкорӣ шинос шуд.
Боду ҳаво дар Дубай доимо гарм буда, дар зимистон 21-24 С0 ва дар тобистон 32-38 С0 гармиро ташкил медиҳад.
Новобаста аз ин мумкин аст, ки тибқи хоҳиши муштариён саёҳати махсус, бо назардошти шарту шароитҳои муносиб ташкил намуд.
Дар умум эҳсос мегардад, ки гӯё саёҳати Дубай танҳо ба сарватмандон имконпазир бошад, аммо воқеият дигар аст – дар қиёс ба дигар самтҳо саёҳати Дубай арзонтарин ба ҳисоб меравад ва он қариб ки ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас мебошад. Дубай шаҳри бузурги тиҷоратӣ бо иморатҳои зиёди баландошёна ва мавзеъҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад, ки тамошои аксари онҳо ройгон аст.
Дар инҷо нақши калидиро зеҳн ва эътимод мебозад, на имконияти молиявӣ.
ЯКЧАНД ТАВСИЯҲО:
1. Зарур аст, ки ҳанӯз аз давраи банақшагирӣ ба сарфа кардани маблағ шуруъ намуд
2. Истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ
3. Тамошои мавзеъҳои сайёҳӣ - ройгон
4. Соҳилҳои (канораҳо) беҳтарини Дубай – ройгон
5. Дастрасии хӯрока аз супермаркетҳо
6. Истеъмоли хӯрок дар кӯча
Барномаи сайёҳӣ: "ДУБАЙ, фарогир**"
Давомнокии саёҳат: 5 рӯз / 4 шаб
Р/т: 2023/6000-12
Хатсайр: Душанбе-Дубай
Давомнокии парвоз: 3,5 соат, мустақим
► Рафтан, рӯзи чоршанбе, парвоз аз ФБ "Душанбе", вақти парвоз 04:25
► Бар гаштан, рӯзи якшанбе, парвоз аз ФБ "Дубай", вақти парвоз 22:00
*ФБ - фурудгоҳи байналмилалӣ
**фарогир - хизматрасонии меҳмонхона пурра ройгон аст, се вақт хӯрок, ҳамом, нушокӣ ва ғайра.
ДИҚҚАТ: бақайдгирӣ дар фурудгоҳҳо 3 соат қабл аз вақти парвоз кушода / оғоз шуда, 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз пушида мешавад.
ЭЗОҲ: арзиши хатсайри мазкур бинобар зудтағйирпазир будани нархи чиптаи ҳавопаймо бо фосилаи на кам аз 30 рӯз ҳисобӣ шудааст. Яъне, фосилаи байни санаи фармоиш ва санаи саёҳат бояд аз 30 рӯз бештар бошад. Дар сурати ба инобат нагирифтани ин маълумот пардохти фарқият аз ҳисоби сайёҳ (иловатан) дархост карда мешавад. Зимнан, пеш аз пардохти арзиши саёҳат тамоси шумо бо рақамҳои зерин тавсия мегардад: