Дар давраи саёҳат шахсро зарур мегардад, ки кафолати якчанд амалҳоро (муносибатҳоро) барои бехатарӣ, тандурустӣ ва ғайра ба даст орад, аммо татбиқи мустақилонаи ин талабот барои шахс имконнопазир мебошад; зимнан, Бунёд-Тур саёҳати бехатар ва муносиби шуморо бо василаҳои зерин кафолат медиҳад, аз ҷумла:
Ҳаракати бехатар тавассути нақлиёт. Бо якчанд ширкатҳои нақлиётӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудаанд, ки онҳо дар навбати худ барои кашонидани бехатари сайёҳон бидуни таваккалҳои сунъӣ уҳдадор гардидаанд;
Суғурта аз ҳодисаҳои нохуш. Бо ширкати суғуртавии байналмилалии «БИМА» шартномаи дахлдор баста шудааст, ки дар сурати суғурта шудани сайёҳ аз ҳолатҳои нохуш таъмини кӯмаки зарурӣ, аз ҷумла ҷуброни молиявиро кафолат медиҳад;
Савории бехатар дар асп, қайиқ, атрактсионҳо ва дигар воситаҳо. Бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудаанд, ки ба таъмини савории бехатари сайёҳон уҳдадорӣ гирифтаанд;
Бехатарии кӯҳбароӣ, оббозӣ ва машғулиятҳои дигари саргузаштдор таъмин карда мешавад. Бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудаанд, ки ба таъмини бехатарии сайёҳон ҳангоми саёҳати саргузаштдор уҳдадор гардидаанд; ҳамчунин тибқи қонунгузорӣ мақомоти дахлдори давлатӣ ба таъминии бехатарии сайёҳон масъул гардонида шудаанд. Новобаста аз ин пеш аз саёҳатҳои саргузаштдор бо ҳар як сайёҳ корҳои дастурдиҳию фаҳмондадиҳӣ ташкил карда мешаванд;
Кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини хизматрасониҳои босифат. Бо ҳар як сайёҳ ва ё гурӯҳи сайёҳон оид ба таъмини хизматрасонӣ шартнома баста мешавад, ки дар доираи он тарафҳо ба риояи ҳуқуқҳо ва татбиқи уҳдадориҳо масъул (ҷавобгар) гардонида мешаванд.