КОРИ ДАСТРАС ВА МУФИД БО <<БУНЁД-ТУР>>
Ба таваҷҷӯҳи корҷӯён ва донишҷӯён Барномаи “Турагент” пешниҳод мегардад, ки мутобиқи он ҳар шахси воқеъӣ ва ё ҳуқуқӣ метавонад ҳамчун Турагент - ҳамкори мо шуда, хатсайрҳои сайёҳии дар сомона-мағозаи мо интишоршударо амалӣ гардонад, яъне ба фурӯш барорад.
Ба сифати Турагент шахсе метавонад интихоб гардад, ки синни ӯ ба 16 расида бошад. Ё инки ҳар шахси ҳуқуқӣ (ташкилот), ҳамчунин соҳибкори инфиродӣ метавонад ба сифати Турагент фаъолият намояд.

Ба Турагент барои амалисозии (фурӯши) хатсайрҳо дар ҳаҷми дар поён нишондодашуда музди меҳнат (ҳавасмандии пулӣ, кэшбэк) дода мешавад:

    • Ба шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Тоҷикистон) – то 11% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ;
    • Ба шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо) – то 10% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ;
    • Ба шахсони ҳуқуқии (ташкилотҳои) хориҷӣ – то 9% аз арзиши хатсайри сайёҳӣ.

Кори асосӣ ва ё вазифати Турагент, ин амалӣ намудани (ба фурӯш баровардани) хатсайрҳои сайёҳӣ тибқи сомона-мағозаи мо - https://bunyodtour.tj мебошад. Зимнан, Турагент бояд мунатазам хатсайрҳои сайёҳии ширкатро байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ (дар/барои хориҷи кишвар) тарғиб (реклама) намояд. Барои ҳар як муштарии ҷалбгардида Турагент метавонад тибқи тартиби муқаррагардида музди меҳнати худро дарҳол дастрас намояд ё инки зимни интиқоли маблағи хатсайр ба суратҳисоби ширкат маблағи худро тибқи Шартномаи агентӣ аз арзиши умумӣ тарҳ намояд (нигоҳ дорад).
Роҳу усулҳои фурӯши хатсайрҳо оддӣ ва содда аст - тариқи саҳифаҳои худ дар интернет, ба монанди Facebook, Instagram, Telegram ва ғайра мумкин аст, харидорон (сайёҳон) ҷалб карда шуда, хатсайрҳо ба онҳо пешниҳод карда шаванд. Пас аз фармоиши хатсайр дарҳол акси (скриншоти) фармоишро ба почтаи электронии ширкат ирсол карда, ҳаққи хизмати (кэшбеки) худро соҳиб мегардед.
Барои Турагенти ширкат шудан, зарур аст, ки бо тартиби зерин амал намуд:
    1. Лоиҳаи Шартномаи дахлдорро (дар поён) интихоб карда, ба компютери худ берун оварда, онро чоп намоед.
    2. Ба Шартнома шинос шуда, ҷойҳои холии онро (бо ворид намудани маълумоти дахлдор) пур намоед.
    3. Шартномаро ба имзо расонида, онро, ҳамзамон шиносномаи шаҳрвандиро нусхабардорӣ (скан, акс) намоед.
   4. Шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои нусха бардошташударо (дар ҳолати ташкилот-шаҳодатномаи қайди давлатиро) ба почтаи электронии мо - info@bunyodtour.tj фиристед ё инки ҳамроҳ гирифта, ба дафтари марказии мо бо суроғаи дар поён нишондодашуда биёред.