Саёҳат бо қарз - ин намуди хизматрасониест, ки ба муштариён - хоҳишмандони сайру саёҳат ҳамчун имконият ё фурсати амалисозии нияту мақсадҳои сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳаёт инсон ба ҳолатҳои зиёди беинтизор, ногаҳонӣ, мушкилотбор дучор мегардад, ки барои ҳалли онҳо кумаки иловагӣ - маблағи зиёд лозим мегардад. Зимнан, Барномаи мо - Саёҳат бо қарз дар чунин ҳолатҳо метавонад ҳамчун кумаки иловагӣ истифода гардад - дастгири инсон бошад:
1) қонеъ гардонидани хоҳиши аҳли оила барои саёҳат ба мавзеъҳои ҷолиб ва ё хориҷи кишвар;
2) татбиқи тавсияи табиб ҷиҳати гирифтани табобати осоишгоҳӣ ё инки сафарбар намудани шахси наздик (падар, модар, фарзанд ва ғ.) ба осоишгоҳи муайян-махсусгардонидашуда ҷиҳати барқароркунии саломатӣ;
3) табобати шахси бемор дар клиникаҳои машҳури ҷаҳон ҳамчун саёҳати табобатӣ;
4) ташкили саёҳати омӯзишӣ - таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои пешрафта;
5) ҳавасмандгардонии кӯдакон тариқи сафарбар намудани онҳо ба лагерҳои таълимии фаннӣ, инноватсионӣ, фароғатӣ, сайёҳӣ ва ғ.
Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии Алиф-Капитал амалӣ мегардад. Барои дастёбӣ ба саёҳат бо қарз ҳамагӣ 4 қадамро мебояд гузашт:
1. Интихоби хатсайри дилхоҳ аз номгӯи хатсайрҳои дар сомона -
www.bunyodtour.tj - овардашуда;
2. Омода сохтани (скан кардани) шиносномаи шащрвандӣ (ҳар ду тарафи он);
3. Ба даст овардани Гувоҳнома оид ба музди меҳнат аз ҷойи кори асосӣ ва омода сохтани (скан кардани) он;
4. Ба сомона -
www.bunyodtour.tj - ворид шуда, тугмаи "САЁҲАТ БО ҚАРЗ"-ро зер карда, дар поёни саҳифа Шакли дархостиро пур карда, ҳуҷҷатҳои дахлдорро тибқи б. 2 ва 3 дар ҷойҳои талабгардида зам намуда, барои баррасӣ мефиристед.
Қадамҳои дигар, ин баррасии дархост дар муҳлати аз 2 то 10 рӯз ва пешниҳоди натиҷа / хулоса ба шумо. Зимнан, мавриди қонеъ гардидани дархост шумо барои анҷом додани расмиёти дигар ба дафтари корӣ даъват карда мешавед.