Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» қабул гардид

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ хоҳад гашт. Қонуни мазкур, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва амалисозии ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ баҳри рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Мақсади меҳварии ин Қонун ба ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, барқарорсозӣ, ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст.

Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таҳия гардида, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва фаъолияти ҳунармандонро ба танзим медарорад.

Манбаъ: http://khovar.tj/2019/06/onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-unarmand-zaminai-rushdi-ustuvori-unar-oi-mardum-ho-ad-gardid/