Саёҳати бароҳат ва бо ҳузуру ҳаловат

Ба ҳар як шахс ҳангоми банақшагирии саёҳат гурӯҳи масъалаҳо ва ё саволҳое пеш меоянд, ки дарёфти посух ба онҳо хеле душвораст, аз ҷумла:

  Чи тавр чиптаҳои ҳавопайморо бо нархи арзон дастрас кунам? Оё аз хона истода, онҳоро харидорӣ кардан мумкин бошад?

  Меҳмонхонаи муносибро чи тавр фармоиш диҳам; оё дар макони сафар меҳмонхона бо ҳуҷраи холӣ меёфта бошам?

  Аз фурудгоҳ ба меҳмонхона чи тавр мерасида бошам, тариқи кадом навъи нақлиёт ва бо чанд пул?;

  Дар мамлакати бегона ба фиреби қалобон наафтам боз, чи бояд кард?

  Чи гуна ба ҷойҳои зебоманзар ва таърихӣ ба саёҳат бароям?

Ҳамин гуна саволҳо хеле зиёданд, ки ҳар як сайёҳро ба тавшиш меорад, зимнан, посух ба ҳамаи саволҳо ва ҳаллу аксари мушкилоти сайёҳ як аст – ин фармоиши саёҳат ва ё ҷузъиёти он тавассути ширкати сайёҳӣ.

Дар давоми саёҳат он амалҳое, ки иҷрои мустақилонаи онҳо аз ҷониби шумо ғайриимкон мебошад, — аз ҷониби “Бунёд-Тур” ҳалли онҳо имконпазир мегардад; тамоми шароитҳо барои саёҳати бароҳат ва боҳузуру ҳаловати шумо таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:

  таъмин намудан бо чиптаҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаи муносиб, хизматрасонии нақлиётӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

  ташкили саёҳат ба мавзеъҳои зебоманзар, фарҳангӣ ва таърихӣ дар Тоҷикистон ва дилхоҳ кишвари ҷаҳон;

  иттилооти зарурӣ ва муносиб оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар замони воқеӣ ва бо таври дастрас;

  иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии васеъҳаҷми ҷумҳуриявӣ, умумимиллӣ ва байналмилалӣ;

  шиносоӣ (аз наздик) бо анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҷаҳон (хӯрокпазӣ, ҳунармандӣ, хониши суруд, рақс, косибӣ ва ғайра);

  дарёфти дӯстони нав, имкониятҳои ташаккулёбӣ ва рушди шахсият;

  иштироки бевосита дар ҷараёни фароҳам ва эҳё гардидани имкониятҳо ва дастовардҳои нав ва муосири миллии фарҳангӣ.