Бунёдтур, Ширкати сайёҳӣ

Сертификат–армуғони сайёҳӣ, ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ беҳтарин туҳфа арзёбӣ мегардад.

Сертификат–армуғони сайёҳӣ арзиши номиналӣ дошта, ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки баробар ба арзиши нишондодашуда аз хизматрасониҳои (хатсайраҳои) ширкати сайёҳӣ ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо истифода барад. Яъне, Сертификат арзишнок буда, ба маблағи нишондодашуда баробарарзиш мебошад ва дорандаи он дар ҳаҷми маблағи муайяншуда метавонадаз ширкати дахлдор роҳхатисайёҳӣ (ройгон) дастрас намуда, ба саёҳат барояд.

Сертификат–армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ / ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои варзишӣ – ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ

2. Аъзои оила – туҳфа ба шахсони наздик мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;

3. Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо – ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;

4. Бахши хусусӣ – ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандагрдонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.



  • 1.   Сертификат-300 (бо арзиши се сад сомонӣ);

    2.   Сертификат-500 (бо арзиши панҷсад сомонӣ);

    3.   Сертификат-1000 (бо арзиши ҳазор сомонӣ);

    4.   Сертификат-3000 (бо арзиши се ҳазор сомонӣ);

    5.   Сертификат-5000 (бо арзиши панҷ ҳазор сомонӣ);

    6.   Сертификат-10000 (бо арзиши даҳ ҳазор сомонӣ);

    7.   Сертификати махсус – муштариён ва ё ташкилоту муассисаҳо вобаста ба имкониятҳои худ ва бо арзиши муносиб / дилхоҳ (вале на кам аз 100 сомонӣ) метавонанд Сертификат–армуғони махсус фармоиш диҳанд. Сертификати мазкур, ҳамчунин метавонад суроғавӣ бошад, “Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Душанбе”, “Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Самарқанд” ва ғайра.





  • 1. Сертификати мазкур бо номинали / арзиши нишондодашуда ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки аз (дар) дафтари кории ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо роҳхати (хизматрасонии) сайёҳӣ дастрас намояд.

    2. Дорандаи Сертификати мазкур ҳуқуқ дорад, ки:

    a) баробар ба арзиши Сертификати мазкур ё ин ки баробар ба маблағи якчанд Сертификат роҳхати сайёҳӣ (ройгон) ба самти дилхоҳ дастрас намояд;

    b) дар сурати интихоби хатсайри (роҳхати) гаронарзиш (нисбат ба арзиши Сертификат), фарқияти арзиши муқарраршударо пардохт намуда, роҳхати дилхоҳашро ба даст орад;

    c) самт / ҷой, вақт, тарз ва муҳлати саёҳатро интихоб намояд;

    d) Сертификати бадастовардаро ба ҳар шахси дилхоҳ, ки қобилияти истифодабарӣ дорад, тақдим кунад.

    3. Фарқияти байни арзиши (маблағи) хизматрасонӣ ё роҳхати сайёҳии харидоришуда (фармоишгардида) ва арзиши Сертификат, агар он аз арзиши Сертификат камтарро ташкил диҳад, бар гардонида намешавад.

    4. Сертификати бадастовардашуда / харидшуда пас гардонида намешавад.

    5. Сертификати гумшуда барқарор карда намешавад.

    6. Иваз кардани Сертификат эквивалент бо маблағи (арзиши) нишондодашуда мумкин нест.

    7. Сертификати фарсуда, нуқсондор ва ислоҳшуда, инчунин

    8. Сертификате, ки муҳлати амалаш гузаштааст, қабул карда намешавад.