Дубай — яке аз бузургтарин шаҳрҳои Аморати муттаҳидаи Араб мебошад, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва тиҷорати молу хизматрасонӣ пешрафта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ин минтақа бандари чуқуроби баҳрӣ ва маркази маъмурии Аморат буда, ба сифати маркази тиҷоратии Аморат ва шарқи наздик эътироф гардидааст.
Аморати муттаҳидаи Араб, аз ҷумла шаҳри Дубай айни замон маркази сайёҳии дунё ва соҳибкорӣ арзёбӣ мегардад. Яъне, дар ин шаҳр натанҳо саёҳат кардан мумкин аст, балки ба ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ, намудҳои муосири тиҷорат ва соҳибкорӣ шинос шуд.
Боду ҳаво дар Дубай доимо гарм буда, дар зимистон 21-24 С0 ва дар тобистон 32-38 С0 гармиро ташкил медиҳад.
Новобаста аз ин мумкин аст, ки тибқи хоҳиши муштариён саёҳати махсус, бо назардошти шарту шароитҳои муносиб ташкил намуд.
Дар умум эҳсос мегардад, ки гӯё саёҳати Дубай танҳо ба сарватмандон имконпазир бошад, аммо воқеият дигар аст – дар қиёс ба дигар самтҳо саёҳати Дубай арзонтарин ба ҳисоб меравад ва он қариб ки ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас мебошад. Дубай шаҳри бузурги тиҷоратӣ бо иморатҳои зиёди баландошёна ва мавзеъҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад, ки тамошои аксари онҳо ройгон аст.
Дар инҷо нақши калидиро зеҳн ва эътимод мебозад, на имконияти молиявӣ.
ЯКЧАНД ТАВСИЯҲО:
1. Зарур аст, ки ҳанӯз аз давраи банақшагирӣ ба сарфа кардани маблағ шуруъ намуд
- Саёҳати худро бо харидории роҳхати сайёҳӣ (аз ширкати сайёҳӣ – www.bunyodtour.tj), ки фарогири маҷмӯи хизматрасониҳои кафолатнок мебошад, оғоз намоед. Ин амал хеле манфиатнок ва муфид аст, аз оне ки чиптаҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхона ва ё дигар хизматрасониҳо дар алоҳидагӣ фармоиш дода мешаванд.
2. Истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ
- Дар шаҳри Дубай нақлиёти ҷамъиятӣ хеле васеъ истифода карда мешавад. Дар шаҳр ду хати метро ва шабакаи зиёди автобусҳо амал мекунанд. Барои рафту омад тариқи метро якчанд намуди кортҳо истифода мегарданд, аммо барои сайёҳон корти рангаш сурх мувофиқ мебошад. Ин корт 2 дирҳам (тақрибан ≈ 6 сомонӣ), аммо корти рафтуомади бемаҳдуд дар давоми як рӯз – 20 дирҳам (тақрибан ≈ 60 сомонӣ) арзиш дорад. Ҳамчунин, бо ин намуди корт мумкин аст, ки ҳар як рафту омдаро алоҳида пардохт намоед. Арзиши корт аз теъдоди гузаргоҳҳо вобаста мебошад: 4 дирҳам (≈12 сомонӣ) дар дохили як гузаргоҳ; 6 дирҳам (≈18 сомонӣ) – ду гузаргоҳ; 8,5 дирҳам (≈23 сомонӣ) – се гузаргоҳ. Тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ (аз ҷумла, метро) бо сабукӣ метавон аз фурудгоҳ ба шаҳр (ҳамчунин, аз шаҳр ба фурудгоҳ) расид: дар робита ба ин истгоҳҳои Airport Terminal 1 ва Airport Terminal 3 мавҷуданд; байни терминалҳо рафтуомад ройгон аст.
- Барои расидан ба Ал-Фоҳидӣ, Дубай Крик, Бурҷи Халиф ва меҳмонхонаи Парус, ки дар як минтақа мебошанд, метавон аз як гузаргоҳ гузашт намуд, аммо барои расидан ба маркази Дубай зарур аст, ки ду гузаргоҳро гузаред.
- Эъзоҳ: барои истифодаи метро дар Дубай, агар маълумоти иловагӣ зарур гарад, ба дафтари Бунёд-Тур муроҷиат намоед.
- Ҳамчунин, дар Дубай таксии давлатӣ бо унвони “Dubai Taxi Corporation” фаъолият мекунад, ки нишаст ба он аз 5 дирҳам (≈14 сомонӣ) оғоз гардида, минбаъд барои ҳар км 1,8 дирҳам (≈5 сомонӣ) ҳисоб карда мешавад.
3. Тамошои мавзеъҳои сайёҳӣ - ройгон
- Шумори мавзеъҳои сайёҳие, ки тамошои онҳо ройгон ва ё қисман ройгон аст, хеле зиёданд.
- Бурҷи Халиф – иморати баландтарини ҷаҳон, нишони Дубай; тамошои ин мавзеъ, атрофи он ройгон аст. Мумкин аст, ки дар ҳудуди ин мавзеъ расм гирифт, ба рақсидани фавораҳо, ки пас аз соати 18:00 (ҳар 30 дақиқа пас) оғоз мегардад, тамошо кард.
- Дубай Молл – бузургтарин маркази савдо; агар азми харид ҳам надошта бошед, тамошои ин мавзеъ муносиб арзёбӣ мегардад.
- Дубай-Марина – минтақаест иборат аз палмаҳо, иморатҳои баландошёна ва бандарҳои пур аз киштиҳо. Аз ин ҷо мумкин аст, ки ба қитъаи Палма-Ҷумейра низ ба тамошо баромад.
- Дубай Крик – ҳамагӣ бо ≈3 сомонӣ мумкин аст, ки ба қайиқи абра савор шуда, тариқи дарёчаи баҳрӣ аз муҳити бозорчаҳои пур аз армуғонҳо, ҷавоҳирот ва дигар ҳунарҳои мардуми маҳаллӣ шинос шуд.
4. Соҳилҳои (канораҳо) беҳтарини Дубай – ройгон
- Дар Дубай канораҳои зиёди лаби баҳрӣ ройгон мавҷуданд, ки метавон барои истироҳат, тамошои баҳр, ғизо додани бадан аз нурҳои офтоб ва оббозӣ истифода намуд. Ҳамаи канораҳо бо шароити зарурии историҳатӣ фароҳам оварда шудаанд. Албатта, кирои чатр ва роҳаткурсӣ ройгон нест, аммо бо худ овардани сачоқ ва дигар лавозимоти шахсӣ иҷозат аст.
5. Дастрасии хӯрока аз супермаркетҳо
- Албатта, мумкин аст, ки дар тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо хӯрок истеъмол намуд, аммо бо харидорӣ намудани хӯрокворӣ аз мағозаҳо метавон маблағи зиёд сарфа намуд.
6. Истеъмоли хӯрок дар кӯча
- Дар кӯчаву хиёбонҳои Дубай нуқтаҳои сайёри фурӯши хӯрокҳо хеле зиёданд. Мумкин аст, ки ҳамагӣ бо 10 дирҳам (≈30 сомонӣ) дар нуқтаҳои сайёр ё инки бо 30 дирҳам (≈90 сомонӣ) дар ошхонаҳои сарироҳӣ хӯрок истеъмол намуд.
Барои кафолати саёҳат ва бехатарии он бо Бунёд-Тур саёҳат намоед!