МО ЧИ ХИЗМАТ МЕТАВОНЕМ РАСОНЕМ?
Сомонаи мазкур – ин дафтари (ҷои кории) виртуалии мо буда, маълумоти мушаххасро оид ба хизматрасониҳои сайёҳии ширкат ва тарзу усулҳои истифодабарии ҳамин сомона фаро гирифтааст. Зимнан, дар ҳар ҷое, ки ба мушкилӣ дучор мегардед, метавонед ба нишонии овардашуда нависед.
Қадами 1: интихоби хатсайр. Марҳамат аз рӯи хоҳиши худ хатсайр ва ё хизматрасонии дилхоҳро интихоб намуда, ба акси (расми) он зер кунед ва Шумо ба саҳифаи алоқаманд бо маълумоти фарохтар дастёб мегардед.
Қадами 2: пас аз қабули қарор – интихоби хатсайр ва ё хизматрасонии дилхоҳ (минбаъд-хизматрасонӣ) Шумо метавонед шакли дархостии овардашударо (дар поёни ҳар саҳифа) пур карда, яке аз тугмаҳои мувофиқро зер кунед.
Тугмаи “ФИРИСТОДАН” – ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасонии интихобшударо фармоиш диҳед. Зимнан, пас аз фиристодани дархост, кормандони мо бо Шумо тамос мегиранд (тариқи почтаи электронӣ ё телефон); сипас Шумо метавонед ба дафтари кории мо ташриф оварда, маблағи муайяншудро пардохт намоед ва роҳхати (расиди) дахлдорро ба даст оред. Роҳхат ҳуқуқи Шуморо барои истифодаи хизматрасонӣ кафолат медиҳад. Тугмаи “ПАРДОХТ КАРДАН” – ба Шумо имкон медиҳад, ки ҳамзамон ду амалро ба анҷом расонед: (1) хизматрасонии интихобшударо фармоиш диҳед ва (2) маблағи муайяншудро пардохт намоед. Сипас, кормандони мо барои дастрас намудани роҳхат (расид) бо Шумо тамос мегиранд (тариқи почтаи электронӣ ё телефон). Шумо метавонед маблағи хизматрасониро пурра ё қисман пешпардохт намоед. Дар сурати интихоби варианти “қисман пешпардохт”, Шуморо зарур мегардад, ки 30% маблағи (арзиши) хизматрасониро пешпардохт намоед. Ин маблағ ҳамчун кафолати истифодаи хизматрасонӣ ба ҳисоб рафта, бинобар татбиқи муқаррароти Қадами 3, он пас гардонида намешавад.
Қадами 3: Пас аз анҷом ёфтани расмиёти фармоиш мо ба ташкили саёҳати Шумо шуруъ мекунем, аз ҷумла хариди чиптаҳои ҳавопаймо, фармоиши хизматрасонии нақлиёт, меҳмонхона, раводид, чиптаҳои вуруд ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва ғайра. Мутаносибан, ба мо маълумоти тасдиқкунандаи шахсияти Шумо, нусхаи шиноснома, нишонӣ ва ғайра лозим мегардад.
Қадами 4: Шуморо зарур мегардад, ки бақияи маблағро – 70% арзиши хизматрасониро 5 рӯз қабл аз оғози саёҳат ё дар рӯзи аввали саёҳат пардохт намоед.
Қадами 5: Аксари хатсайрҳои мо аз ш.Душанбе оғоз мегарданд ва дар ҳамон ҷо анҷом меёбанд. Дар рӯзҳои саёҳат, қисмати пагоҳӣ Шуморо аз ҷои қаблан мувофиқашудаи ҷамъомад мегирем ва қисмати бегоҳӣ ба ҳамон ҷой бар мегардонем. Дар давоми саёҳат Шуморо ҳамеша роҳбалад – шахси масъули ширкат ҳамроҳӣ менамояд ва ҳар дархостҳои Шуморо дар доираи хатсайр қонеъ мегардонад. Илова бар ин, агар маълумоти муфассал хоҳед ё дархости дигаре дошта бошед, пас метавонед ба дафтари кории мо бо суроғаи нишондодашуда ташриф биёред.
ХИЗМАТРАСОНИҲО: хизматрасониҳои сайёҳии мо гуногунанд: саёҳат дар ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ; фармоиши меҳмонхона; чиптаҳои ҳавопаймоӣ; хизматрасонии нақлиётӣ; таъминкунӣ бо роҳбалад; тарҷумон ва ғайра, ки метавонанд ҳам дар маҷмуъ ва ҳам дар алоҳидагӣ ба Шумо таъмин карда шаванд.
ХАТСАЙРҲО: барои интихоби хатсайрҳо / саёҳат чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи дар хориҷи кишвар Шуморо зарур аст, ки ба тугмаи “Хатсайрҳо” зер кунед. Қадами дигар - ба акси (расми) хатсайри интихобшуда зер кунед ва Шумо ба саҳифаи алоқаманд бо маълумоти фарохтар дастёб мегардед. Ҳамчунин, дар ҳамон саҳифа Шумо метавонед шакли дархостии овардашударо (дар поёни ҳар саҳифа) пур карда, яке аз тугмаҳои мувофиқро зер кунед. Мавриди интихоби бастаҳо ба арзиши (нархи) онҳо аз рӯи дараҷанокии меҳмонхона диққат бояд кард, зеро онҳо гуногунанд.
ФАРМОИШИ МЕҲМОНХОНА: агар Шумо барои меҳмонхона дар ҳудуди Тоҷикистон ва ё дар кишварҳои хориҷӣ ниёз дошта бошед, пас, метавонед ба тугмаи “Меҳмонхонаҳо” зер кунед; Шумо ба саҳифаи алоқаманд бо маълумоти фарохтар дастёб мегардед. Ҳамчунин, дар ҳамон саҳифа Шумо метавонед шакли дархостии овардашударо (дар поёни ҳар саҳифа) пур карда, яке аз тугмаҳои мувофиқро зер кунед. Кормандони мо дар муҳлати наздиктарин бо Шумо тамос гирифта, меҳмонхонаи ба Шумо заруриро фармоиш медиҳанд.
ФАРМОИШИ ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ: агар Шумо ба чиптаҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ ё дохилӣ ниёз дошта бошед, пас, метавонед ба тугмаи “Чиптаҳои ҳавопаймоӣ” зер кунед; Шумо ба саҳифаи алоқаманд бо маълумоти фарохтар дастёб мегардед. Ҳамчунин, дар ҳамон саҳифа Шумо метавонед шакли дархостии овардашударо (дар поёни ҳар саҳифа) пур карда, яке аз тугмаҳои мувофиқро зер кунед. Кормандони мо дар муҳлати наздиктарин бо Шумо тамос гирифта, чиптаҳои ҳавопаймоии ба Шумо заруриро аз рӯи самтҳои дахлдор фармоиш медиҳанд.
САЁҲАТ БО ҚАРЗ: – Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии Алиф-Капитал амалӣ мегардад. Барои дастёбӣ ба саёҳат бо қарз ҳамагӣ 4 қадамро мебояд гузашт; барои ин шуморо зарур аст, ки ба истиноди зерин гузашта, талаботи гузошташударо татбиқ намоед www.bunyodtour.tj/tj/kredit.php .
ОНЛАЙН-ПАРДОХТ: ҳар нафаре, ки мехоҳад, аз хона набаромада, хизматрасониҳои моро пардохт намояд, пас низоми “Онлайн-пардохт”-и мо ин имкониятро ба Шумо медиҳад. Онлайн-пардохт танҳо бо “Корти миллӣ” қабул карда мешавад, ки он дар ҳамаи шаклҳои дархостии дар поёни саҳифаҳо овардашуда, насб карда шудааст.