Малдив — яке аз кишварҳоест, ки дар Осиё ҷойгир буда, пойтахташ шаҳри Мале мебошад. Кишвари хурдест дар уқёнуси Ҳинд, иборат аз 1192 ҷазираҳои коралӣ.
Чанд даҳсолаи охир Малдив беҳтарин ҷойи истироҳат ва фароғат дониста мешавад, миллионҳо сайёҳро ҳамасола ҷалб менамояд.
Малдив – ин гармои фаровони офтобӣ, соҳилҳои ҷаззоби қумӣ, лагунаҳои фирӯзӣ дар шакли "баунт" ва ғаввоси (саёҳати зериобии) афсонавӣ, 365 рӯз дар як сол мебошад.
Илова бар ин муҳити оромибахш ва ҳаловатбор ба шахс эҳсоси нави худшиносӣ фароҳам меорад.
Маъруфияти Малдив дар он аст, ки он табиатан хеле зебо, иборат аз соҳилҳои оббозӣ, уқёнус, ҳавои тоза ва боду ҳавои ҳаловатбор ва муносиб дар давоми сол мебошад. Муҳит ва ҳавои Малдив ба сайёҳони ба намудҳои варзиши обӣ шуғлдошта бисёр муносиб аст, дар инҷо намудҳои шуғли обӣ, аз қабали оббозӣ, моҳидорӣ, саёҳати зериобӣ, лижаронии обӣ ва ғайра хеле маъруфанд.
Бинобар ҷаҳони зериобии хеле зебо, пурсарват ва оби мусафои худ Малдив дар як ҷаҳон яке аз маконҳои беҳтарин оббозии (саёҳати) зериобӣ эътироф гардадидааст.
Боду ҳаво
Ба Малдив дар ҳама фасли сол сафар кардан мумкин аст, чун дар онҷо ҳаво доимо гарм аст, насими хунуктарин моҳҳои январь – феврал ба ҳисоб меравад, ки дар ин вақт ҳам ҳаво гарм, +17 °C, боқӣ мемонад; ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна +24...+33 °C мебошад.
Қасри Мулиаге
Қасри мазкур соли 1913 рӯ ба рӯи масҷиди Хукукру сохта шудааст. Қасри мазкур ҷойгоҳи фаъолияти президенти ҳамин кишвар буда, дар онҷо меҳмонони олиқадр қабул карда мешаванд.
Масҷиди панҷвақта (Мале Хукукру Мискиу)
Малдив яке аз кишварҳои дорои ҷомеаи мусулмонӣ шинохта шудааст, аммо бинобар таъсири туризми воридотӣ баъзе арзишҳо омехта гардидаанд. Масҷиди мазкур аз ҳама куҳантарин иншоотест, ки соли 1658 дар Пойтахти Малдив шаҳри Мале сохта шудааст. Масҷид бо санги намуди корал ва дарахти сурх сохтмон гардидааст. Акси ин масҷид ҳамчун рамзи эҳтиром дар маҳсулоти гуногуни армуғони дида мешавад. Ин масҷиди амалкунанда аст, аз ин рӯ зимни азми намозгузорӣ метавон ҳам намоз гузошт ва ҳам аз ин иншооти таърихӣ шиносоӣ пайдо намуд.
Қасри Утхему Гандувару
Утхему Гандувару дар минтақаи Хаа Алифу ҷойгир аст, аҳамиятнокии ин Қаср дар он аст, ки дар инҷо қаҳрамони миллии Малдив султон Муҳаммад Такуруфаану таваллуд шудааст. Қаҳрамонии ин шахс дар он иъиксо меёбад, ки ӯ Малдивро аз ғасби португалиҳо соли 1573 озод кардааст. Ҳоло дар ин макон осорхонаи султон Муҳаммад Такуруфаану ҷойгир шудааст.
Галереяи миллӣ
Бинои сафеди қолабӣ дар Боғи марказии шаҳри Мале, ки дар онҷо расмҳо, муҷҷассамаҳо, нақшҳо ва дигар маҳуслоти ҳунармандони Малдивро дидан мумкин аст.
Боғи султон
Боғи марказии Мале барои гаштугузори шаҳрвандон ва сайёҳон. Боғ бо палмаҳо ва дигар ниҳолу буттаҳо ва растаниҳои тропикӣ ороиш дода шудааст. Ба боғ ба истиснои рӯзи ҷумъа дигар рӯзҳо аз соати 09:00 то 17:00 ворид шудан мумкин аст, даромадан озод аст.
Осорхонаи миллии Малдив
Боғи милли дар асри ХХ сохта шуда, бо осору нигораҳои гуногун аз таърихи Малдив, аз ҷумла лавозимоти бостонсарои қаблии султони Малдив, мебел, силоҳи чубин, либосҳои қадима, маснуоти заргарӣ, расмҳо ва ғайра фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар осорхона сабтҳои асрҳои пешин ҷамъоварӣ гардидааст, ки таърихи мардуми Малдивро муаррифб менамояд.
Бозори фурӯши моҳӣ
Чун бозори анъанавӣ дар бозор садову пойзаниҳои баланд роиҷ аст. Дар инҷо ба ғайр аз моҳӣ ҳамчунин мумкин аст, ки дигар ҳашароти баҳрӣ, аз қабили ҳаштпо, окун, криветка ва ғайраро бар нархи арзон харидорӣ намуд.
Дар растаҳои наздики бозор чойхона ва ошхонаҳо фаъолият мекунанд, ки бо иловапулӣ мумкин аст моҳии харидашударо пухта истеъмол намоед.
Кули Хитхаду
Кули мазкур дар ҷазираи Хитхаду ҷойгир буда, ягона куле мебошад, ки оби тоза дорад. Масоҳати умумии кул ва мамнуъгоҳ 570 гектарро ташкил медиҳад. Афзалияти кул дар он аст, ки дар инҷо 28 намудаи парандаҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки шаклу намуди гуногун доранд ва бештари сайёҳон барои мушоҳда / назар кардани ба ҳамин парандаҳо ба ин мануъгоҳ ташриф меоранд.
Пули (купруки) Синамале
Пули Санамале дар байни уқёнус ҷойгир буда, ҷазираҳои Мале, Хулхуле ва Хулхумалеро мепайвандад. Гузаштан аз ин пул ҳаловатест фаромушнашаванда. Аз ин пул тариқи автобус аз фурудгоҳи Мале саёҳат кардан мумкин аст.
Барномаи сайёҳӣ: "МАЛДИВ, фарогир**"
Давомнокии саёҳат: 7 рӯз / 6 шаб
Р/т: 2023/10000-38
Хатсайр: Душанбе-Дубай-Мале
Давомнокии парвоз: 10,5 соат, транзит
► Рафтан, рӯзи душанбе, парвоз аз ФБ "Душанбе", вақти парвоз 04:25
► Гузаштан (транзит), рӯзи душанбе, парвоз аз ФБ "Дубай", вақти парвоз 10:00
► Бар гаштан, рӯзи якшанбе, парвоз аз ФБ "Мале", вақти парвоз 15:40
*ФБ - фурудгоҳи байналмилалӣ
**фарогир - хизматрасонии меҳмонхона пурра ройгон аст, се вақт хӯрок, ҳамом, нушокӣ ва ғайра.
ДИҚҚАТ: бақайдгирӣ дар фурудгоҳҳо 3 соат қабл аз вақти парвоз кушода / оғоз шуда, 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз пушида мешавад.
ЭЗОҲ: арзиши хатсайри мазкур бинобар зудтағйирпазир будани нархи чиптаи ҳавопаймо бо фосилаи на кам аз 30 рӯз ҳисобӣ шудааст. Яъне, фосилаи байни санаи фармоиш ва санаи саёҳат бояд аз 30 рӯз бештар бошад. Дар сурати ба инобат нагирифтани ин маълумот пардохти фарқият аз ҳисоби сайёҳ (иловатан) дархост карда мешавад. Зимнан, пеш аз пардохти арзиши саёҳат тамоси шумо бо рақамҳои зерин тавсия мегардад: