Мавзеъҳои ташриф
МАЪЛУМОТ ОИД БА ХАТСАЙР

Хатсайри мазкур хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иттилоотнокӣ дошта, ташриф ва дидор аз дастовардҳои аҷдодонро, ки даҳ аср ё ҳазор сол қабл ноил гардида буданд, фаро мегирад. Аҳамиятнокии дастовардҳои аҷдодӣ дар он аст, ки онҳо то ба имрӯз машҳури ҷаҳон боқӣ монда, ташаббускорон – гузаштагони мо ҳамчун шахсони фавқулода, олиму донишманд ва барҷастагони дину маърифат эътироф гардидаанд.

САМАРҚАНД — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии “Авесто” номбар гардидааст.

Ин хатсайр бо мақсаде ташкил гардид, ки хоҳишмандон дар рӯзҳои истироҳатӣ низ тавонанд ба шаҳри бостонии Самарқанд, ки ҳамагӣ 290 км аз ш.Душанбе ҷойгир аст, ташриф оранд.


МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ: МАҶМААИ РЕГИСТОН – МАДРАСАИ ШЕРДОР – БОЗОРИ ЧОРСУ – МАСҶИД ВА МАҚБАРАИ БИБИХОНУМ – МАДРАСАИ УЛУҒБЕК – МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ – РАСАДХОНАИ УЛУҒБЕК – ШОҲИ ЗИНДА – МАСҶИДИ ҲАЗРАТИ ХИЗР – ОСОРХОНАИ С.АЙНӢ –– МАНЗИЛГОҲИ ҲАЗРАТИ МОТУРДӢ – МАНЗИЛГОҲИ (ОСОРХОНАИ) АФРОСИЁБ – МАНЗИЛГОҲИ ҲАЗРАТИ ДОНИЁР-ПАЙҒАМБАР – ИШРАТХОНА – ГӮРИ АМИР – ПАНОҲГОҲИ ҲАЗРАТИ ДОВУД – МАҶМААИ ИМОМ АЛ-БУХОРӢ






БАРНОМАИ ХАТСАЙР:

../uploads/2023-02-22_11-32-15.png

08:00 - оғози саёҳат, сафарбаргардӣ ба самти шаҳри Самарқанд, тариқи шаҳри Панҷакент

13:00 - хӯроки нисфирӯзӣ дар ш.Панҷакент

14:30 - гузаштани сарҳад тариқи гузаргоҳи Панҷакент. Муҳим аст, ки сайёҳон ҳамроҳ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Расмиёти сарҳад барои сайёҳон 30 дақиқа, аммо барои нақлиёт 2-3 соат тул мекашад.

17:00 (18:00) - расидан ба шаҳри Самарқанд, ҷобаҷошавӣ дар меҳмонхона

  • Шоми Самарқанд - сайругашти озод

19:00 - хӯроки шом 

07:30-08:30 - наҳорӣ дар меҳмонхона

09:00 - оғози саёҳат дар шаҳри Самарқанд

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ: МАҶМААИ РЕГИСТОН – МАДРАСАИ ШЕРДОР – БОЗОРИ ЧОРСУ – МАСҶИД ВА МАҚБАРАИ БИБИХОНУМ – МАДРАСАИ УЛУҒБЕК – МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ – РАСАДХОНАИ УЛУҒБЕК – ШОҲИ ЗИНДА – МАСҶИДИ ҲАЗРАТИ ХИЗР – ОСОРХОНАИ С.АЙНӢ –– МАНЗИЛГОҲИ ҲАЗРАТИ МОТУРДӢ – МАНЗИЛГОҲИ (ОСОРХОНАИ) АФРОСИЁБ – МАНЗИЛГОҲИ ҲАЗРАТИ ДОНИЁР-ПАЙҒАМБАР – ИШРАТХОНА – ГӮРИ АМИР


РЕГИСТОН

Регистон — майдон ва ансамбли ёдгории қадим (асрҳои XV—XVI) дар шаҳри Самарқанд. Ансамбли Регистон аз се мадраса иборат аст: Мадрасаи Улуғбек, мадрасаи Тиллокорӣ ва мадрасаи Шердор. Соли 2001 мадрасаҳои ансамбли Регистон ва дигар ёдгориҳои меъмории Самарқанд ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

МАДРАСАИ УЛУҒБЕК

Мадрасаи Улуғбек — ёдгории меъмории асри XV дар шаҳри Самарқанд аст. Мадраса як чузъи маҷмааи меъмории майдони Регистони шаҳри Самарқанд мебошад. Мадраса солҳои 1417—1420 бо фармони султони маорифпарвари сулолаи Темуриён Мирзо Улуғбек сохта шудааст. Аз замони ҳукумронии Амир Темур майдони Регистон ба бозори асосӣ ва маркази ҷамъиятии Самарқанд табдил меёбад. Дар давраи ҳукумронии набераи маорифпарвари Амир. Темур Мирзо Улуғбек намуди Регистон тағйир меёбад. Улуғбек бо мақсади рушди илму маърифат ба сохтумони донишгоҳи исломӣ мадраса шурӯъ мекунад. Ҳаҷми умумии мадраса 81x56 метр аст.

МАДРАСАИ ТИЛЛОКОРӢ

Мадрасаи Тиллокорӣ - ёдгории меъмории садаи XVII дар Регистони Самарқанд, ки солҳои 1647—59 сохта шудааст. Намои асосии Мадрасаи Тиллокорӣ, ки дар тарафи чап Регистон аст, бо Мадрасаи Тиллокори. Самарқанд. пештоки равокдор, гулдастахо ва пешайвонҳои равокбандии дуқабатааш мадрасаҳои анъанавии Бухороро ба хотир меоварад. Дар кафои намои асосӣ хучраҳои дуошёна ва дар қаноти ғарбии хавлӣ ҳуҷраҳои пешайвондори равокбандӣ ҷой доранд. Дар мобайни катори ҳучраҳои ин тараф толори гунбазпуши пештоқдор комат оростааст. Дар тарафи шарқии ҳавлӣ низ Ҳуҷраҳо ҳастанд. Намои асосӣ, инчунин тамоми деворҳои М. Т. бо порчаҳои кошни хеле майда рукаш шуда, ба нақшҳои ироқӣ монанданд. Дар онҳо бештар рангҳои зард ва сабзи баланд исти-фода шудаанд. Даруни ин иморат (махсусан масҷид) саросар бо усули наққошии кундал (зарҳалкорӣ) оро дода шудааст ва аз ин ҷост, ки он «тилокорӣ»—ном гирифтааст. 

МАДРАСАИ ШЕРДОР

Мадрасаи Шердор - ёдгории меъморӣ дар Регистони Самарқанд. Солҳои 1619—1635 бо фармони сардори хонадони хонҳои узбек Олчин Ялангтуш Баҳодур дар рӯбарӯи Мадрасаи Улуғбек сохта шуда, аз рӯи банду баёт ва хусусан намой пеш ба он шабоҳат дорад. Накшунигори коши пештоқ бо тасвири офтоби нурафшони ба рӯи инсон монанд ва шери ба РИЗОЛ хамлавар (аз ин чост, ки Мадраса номи «шер-дор»-ро гирифтааст) чолиб аст. Меъморон нусхабардорӣ накарда, бандубасти дохили иморатҳо аз ҳам фарқ кунонидаанд. Хавлии чор суи Мадрасаи Шердорро чор айвони барҳаво иҳота кардааст. Ин айвонҳо бо нимгунбазҳои ба шарафаҳои сипаршакл такьякунанда пушонида шудаанд. Кошиву хотамкориҳои М. Ш. аз ороишоти диг. ёдгориҳои ин давр гуётару чузъҳои нақшунигораш даман калонтар буда, бештар шаклҳои хандасй ва мунаббатй истифода шудаанд. Девори айвонҳо саросар наккошй гулпартой шуда, чо-чо катибаҳо зебо сабт гардидаанд. Девори кафои иморат дар ду кунчаш гулдастаи пасту ғафс дорад. Дар яке аз катибаҳо номи офарандагони мадраса Абдучаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Накош сабт гардидаанд. Мадрасаи Шердор дар ҳифзи давлат аст.

БОЗОРИ ЧОРСУ

Бинои Чорсӯ — бозори таърихиест назди Мадрасаи Шердор, дар майдони Регистон вокеъ аст. Чорсу вожаи — Чорроҳа мебошад, ки дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна биноҳоеро, ки дар чорроҳаи дуқатораи тиҷоратӣ воқеъ буданд, ҳамин тавр меномиданд. Бинои шашкунҷае, ки садаи XV, дар мобайни ду роҳ сохта шуда буд ва шаҳри Самарқандро бо шаҳрҳои Шаҳрисабз, Бухоро, Тошкент бо ҳам мепайваст.

РАСАДХОНАИ УЛУҒБЕК

Расадхонаи Улуғбек ё Обсерваторияи Улуғбек — яке аз обсерваторияҳои асосии асрҳои миёна ба ҳисоб меравад, ки аз тарафи Улуғбек дар теппаи Куҳак, наздикии шаҳри Самарқанд солҳои 1424—1428 сохта шудааст. Боқимондаҳои обсерватория аз тарафи археолог В. Л. Вяткин соли 1908 ёфт гардидааст. Боқимондаҳои обсерватория аз рӯи хуҷҷатҳои асри XVII ёфт карда шуданд. Мувофиқи азнавсози муайян гашт, ки обсерватория ба монанди силиндри сеошёна буда, баландиаш 30,4 м ва диаметраш 46,40 м буд ва дар даруни он аз шимол ба ҷануб — секстант (ва ё квадрант) ном асбобе чой кунонда шуда буд, ки радиуси он 40,21 м буд. Бо ин асбоб баландии ҷисмҳои осмониро чен мекарданд. Асбоби секстант дар вакти кофту коб ёфта шуда, дар зери хок хеле хуб то замони мо омада расидааст.

МАСҶИД ВА МАҚБАРАИ БИБИХОНУМ

Мақбара яке аз ёдгориҳои меъмории Самарқанд мебошад, ки сохтмони он дар охири солҳои 1390 оғоз ёфта, дар аввали солҳои 1400 ба итмом расидааст. Тибқи тавсифи Клавиҳо, дар инҷо сараввал модари Бибихонум Соро Мулкхонум дафн карда шудааст.

ШОҲИ ЗИНДА

Шоҳи зинда - маҷмааи таърихӣ ёдгории асрҳои миёнаи шаҳри Самарқанд аст. Шоҳи Зинда аз як қатор мақбараҳои сарватмандони Самарқанд иборат мебошад. То рӯзҳои мо танҳо ёздаҳ мақбара боқӣ мондааст, ки дар давоми асрҳои XIV—XV сохта шудаанд. Маҷмааи таърихии мақбараҳои Шоҳи Зинда дар тӯли 9 аср ба вуҷуд омадааст ва зиёда аз бист иншоотҳои асрҳои IX—XIV ва XIX дарбар мегирад. Номи Шоҳ-и Зинда — аз қиссаи қадима гирифта шудааст. Дар ин қисса гуфта шудааст, ки бародари Муҳаммад пайғамбар, Қусам ибн Аббос (619—686/87), ба Самарқанд бо гурӯҳи хурди сарбозон барои ҷорӣ намудани дини ислом омада будааст. Ҳангоми тохтутози душманон Қусам ибн Аббос захмӣ гаштааст вале аз дасти душманон дар яке аз нишебиҳо паноҳ шуда халос гаштааст, ва гӯё то ҳол дар он ҷо зиндагӣ мекардааст.

МАНЗИЛГОҲИ ҲАЗРАТИ МОТУРДӢ

Мақбараи Матурди дар шаҳри Самарқанд, воқеъ дар масофаи як километр аз маҷмааи Регистон ҷойгир аст. Абу Мансур Муҳаммад ибни Муҳаммад Ал-Матуриди (870-944), шахсияти маъруфи Ислом, донишманди фиқҳ (ҳуқуқшинос) ва тарҷумони Қуръон (муфассир), асосгузори матуридия мебошад.

МАСҶИДИ ҲАЗРАТИ ХИЗР

Масҷиди Ҳазрати Хизр - як бинои динии мусалмонон дар Самарқанд дар канори ҷанубии Афросиёб ҷойгир шудааст. Номи масҷид бо номи пайғамбар (набӣ) Хизр, сарпарасти сайёҳон, соҳиби афсонавии «оби зинда» алоқаманд аст. Масҷид дар баландӣ, дар даромадгоҳи шаҳри Самарқанд, наздикии Мақбараҳои Шоҳи Зинда, бозори Соиб сохта шудааст.

ОСОРХОНАИ С.АЙНӢ

Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ — осорхонае дар минтақаи Регистони шаҳри Самарқанди Узбакистон аст, ки ба зиндагӣ ва осор Садруддин Айнӣ ихтисос дода шудааст. Ин осорхона бо қарори аз 16 июни 1964 дар ҳавлии Садриддин Айнӣ тасъсис ёфтааст. Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон 27 (15) апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувон) ба дунё омадааст. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун, худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби куҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». 

ОСОРХОНАИ АФРОСИЁБ

Осорхона фарогири таърихи Самарқанд буда, дар шаҳраки қадимаи Афросиёб ҷойгир аст. Дар осорхона нигораҳои гуногуне ҷой дода шудаанд, ки таърих ва фарҳанги гузаштаи Самарқандро инъикос менамоянд. Афросиёб — хароба, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Суғди бостонӣ, ки то асри XIII дар самти шимоли Самарқанд ҷойгир буда, 280 га масоҳат дошт. Аз нимаи дуюми ҳазорсолаи I п.м. то ибтидои асри XIII чун маркази ҳаёти маъмурии Суғд машҳур буд. Дар хароба боқимондаҳои биноҳои маъмурию манзилӣ ва бозёфтҳои ашёи давраи Ҳахоманишиён, суғду эллинӣ, кушонӣ, ҳайтолиён ва туркҳо ҳафр шудаанд. Дар шарқ ва шимолу шарқ бо дарёи Сиёб, дар ғарб бо шохоби Отчопар пайваст аст. 

МАҚБАРАИ ҲАЗРАТИ ДОНИЁР-ПАЙҒАМБАР

Мақбара ва маҷмааи Ҳазрати Дониёр дар қисми шимолу шарқии шаҳри Самарқанд, дар канори шаҳри Бостонии Афросиёб ҷойгир мебошад. Тибқи китоби таърихии "Сомария" пайғамбар Дониёр яке аз ёварони воизи араб Қусам ибни Аббос буд, ки дар бунёди Ислом дар Самарқанд ва атрофи он нақши калидӣ дошт. Дар масеҳият, пайғамбар Дониёр яке аз пайғамбарони бузург, муаллифи яке аз китобҳои аҳди қадим — Китобҳои Дониел мебошад.

ИШРАТХОНА

Ишратхона - ёдгории меъморӣ, мақбараест, ки дар замони ҳукмронии темуриён Абу-Саид (1451-1469) сохта шудааст. Бино макони дафни намояндагони сулолаи темуриён буд, зеро дар кофтукови соли 1940 якчанд қабри занон кашф карда шуд. Бино дар ҳоли ҳозир дар ҳолати харобазор қарор дорад.

ГӮРИ АМИР

Гӯри Амир — ёдгории асримиёнагии Осиёи Марказӣ, мақбараи асосгузори давлати Темуриён, лашкаркаш Темурланг. Ин оромгоҳи Темур ва меросхурони империяи Темуриён, дар қисми ҷанубӣ-шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби соҳибқирон Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст.


13:00 - хӯроки нисфирӯзӣ

18:00 - анҷоми рӯз / саёҳат

19:00 - хӯроки шом

07:30-08:30 - наҳорӣ дар меҳмонхона

09:00 - саёҳат дар шаҳри Самарқанд, ҳамзамон баргашт ба шаҳри Душанбе

МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ: ПАНОҲГОҲИ ҲАЗРАТИ ДОВУД – МАҶМААИ ИМОМ АЛ-БУХОРӢ


ЗИЁРАТГОҲИ ҲАЗРАТИ ДОВУД

Паногоҳи Ҳазарти Довуд - ҷойи муқаддас, ки ҳамасола шумораи зиёди меҳмонон ва ҳоҷиёнро ҷалб мекунад. Он дар наздикии Деҳаҳои Аксай ва Меҳнаткаш, воқеъ дар Ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд, 70 километр аз шаҳри Самарқанд (дар баландии 1250 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Мувофиқи яке аз ривоятҳо, пайғамбар Довуд (а) аз таъқиби душманон дур шуда, дар ин паноҳгоҳ (ғор) паноҳ бурдааст. Зимни дар иҳотаи душман қарор доштан ба зону нишаста дуо мекунад, ки Аллоҳ дар паноҳаш ӯро эмин дорад. Дуо аз ҷониби Худо шунида шуд, ва Довуд (а) бо қудрати Худовнад баракат ёфт. Ҳазрати Довуд (а) дастонашро ба санг такон дод ва ба ғори ташаккулёфта паноҳ бурд. Инак ҳамин ғор ва ё паноҳгоҳ ҳамчун мавзеи зиёрат тӯли чанд асри охир имондоронро ҷалб кардааст.

МАҶМААИ ИМОМ АЛ-БУХОРӢ

Маҷмаа ҳамчун иншооти таъиноти мазҳабӣ ва маънавӣ-маърифатии охири асри XX дар деҳаи Ҳартанги ноҳияи Паярики вилояти Самарқанд солҳои 1997-1998 сохта шудааст. Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, бештар маъруф ба унвони Имом Бухорӣ (соли 870, Самарқанд, Хилофати Аббосиён) — донишманд, муҳаддис ва муфассир, муаллифи яке аз ҷомеъи ривоёти аҳли суннат «ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ» мебошад.

Имом Бухорӣ дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, гузаштагонаш зардуштӣ буданд, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими Бухоро Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид. Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст. Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.

Бухорӣ дар ин сафарҳои илмӣ сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси поёнтар аз онро ҳифз намуда, дар маҷмӯъ 600 000 ҳадис гирд овардааст ва аз миёни онҳо саҳеҳтарин маҷмӯаи суханони Расули Худо (с)-ро интихоб ва дар китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ»-и худ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» дарҷ намудааст. 


13:00 - хӯроки нисфирӯзӣ

14:00 - баргашт ба самти шаҳри Душанбе

15:00 - гузаштани сарҳади Самарқанд / Панҷакент

20:00 - расидан ба шаҳри Душанбе, анҷоми саёҳат




Санаи ташриф ва теъдоди сайёҳон