Шаршараи Сари Хосор

                   

САРИ ХОСОР — мамнуъгоҳи табиӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат - ноҳияи Балҷувон дар масоҳати 3805 га (дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир мебошад. Масофаи ҷойгиршавии ин мавзеи сайёҳӣ аз пойтахти мамлакат - ш.Душанбе ҳамагӣ 165 км дур мебошад, аммо роҳу пурпечутоби он, ки тавассути кӯҳсор ва сангоб мегузарад, ин масофаро аз рӯи вақт хеле дароз мекунад.