Дар давраи саёҳат маҷмӯи амалҳое дучор меоянд, ки татбиқи мустақилонаи онҳо барои шахс имконнопазир мебошад, аммо онҳо аз ҷониби Бунёд-Тур бо сатҳу сифати баланд таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:
маъуломт ва иттилооти зарурӣ оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар маҷмӯъ;
воситаҳои ҳаракат, нақлиёт ба ҷойҳои муайяншуда аз макони зисти шахс / сайёҳ;
таъмини саривақтии хӯрок бо интихоби озод ва бо назардошти хоҳиши сайёҳ;
шабистии муносиб бо хусусиятҳои хос ва мувофиқ ба талаботи сайёҳ — меҳмонхона, меҳмонхонаи хурд, хонаист, шабист дар хонаҳои хусусӣ, шабист дар мавзеи сайёҳӣ бо хайма ва ғайра.