Дар давраи саёҳат талаботи зиёд дучор меояд, ки татбиқи мустақилонаи онҳо барои шахс имконнопазир мебошад, аммо онҳо аз ҷониби Бунёд-Тур дар шакли фароҳам гардонидани шароит барои ҳар як сайёҳ ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ, эҳсоси воқеияти рӯйдодҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва муосир ва ҷузъҳои дигари хатсайрҳои сайёҳӣ таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:
иттилооти зарурӣ ва муносиб оид ба мавзеъҳои (объектҳои) сайёҳӣ дар шакли рӯйдодҳои воқеи. Барои ин амал шахсони соҳибкасб ва донишдор ҷалб карда мешаванд;
иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатии васеъҳаҷми ҷумҳуриявӣ, умумимиллӣ ва байналмилалӣ;
шиносоӣ (аз наздик) бо анъанаҳо ва урфу одатҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар (хӯрокпазӣ, ҳунармандӣ, хониши суруд, рақс, косибӣ ва ғайра);
дарёфти дӯстони нав, имкониятҳои ташаккулёбӣ ва рушди шахсият;
ба / дар эҳё гардидани имкониятҳо ва дастовардҳои нав ва муосири миллии фарҳангӣ шоҳид шудан / иштирок кардан.